Толибон кинотеатри маъруфи Афғонистонро вайрон кардаанд

Рӯзи 18 декабр афғонистониҳо аз назди макони кинотеатри таърихии "Ориёно"-и Кобул мегузаранд, ки тахриб шудааст. Чандин шахсиятҳои фарҳангӣ, коргардонҳо ва ҳунармандони Афғонистон аз ин иқдоми ҳукумати Толибон нигаронӣ карда, онро ҳамла ба мероси фарҳангии кишвар гуфтанд.

Як манбаъ дар ҳукумати зери назорати Толибон дар Кобул ба Радиои Озодӣ гуфт, кинотеатр барои он вайрон шуд, ки дар ҷояш маркази тиҷоратӣ сохта шавад.

29 августи соли 2022. Ҳайати ҳунармандон ва таҳиягарони филми кӯтоҳи "Мардаб Лоло" дар назди кинотеатри "Ориёно" ҷамъ омадаанд.

Синамои машҳури Кобул, ки дар солҳои 1960 сохта шудааст, даҳсолаҳо мухлисони филми шаҳрро гирдиҳам меовард. Ин тамошобинон рӯзи 3 майи соли 2012 филми истеҳсоли Болливудро тамошо карданд.

10 сентябри соли 2010. Тамошобинон мунтазири нахустнамоиши филми "Лолаи сиёҳ" дар кинотеатри "Ориёно" ҳастанд.

3 майи соли 2012. Коргарон дар дохили анбори кинотеатр ҳастанд.
Кинотеатрҳои Афғонистон солҳост, ки шароити баде доранд, чун маблағгузорӣ кофӣ нест.

3 майи соли 2012. Корманди кинотеатр дар вақти танаффус нӯшоба ва хӯрокҳои саридастӣ мефурӯшад.

Коргари кинотеатр дар утоқи алоҳида барои намоиши филм омода мешавад.

23 майи соли 2004 кинотеатри "Ориёно" дубора ифтитоҳ шуд. Сарбози фаронсавӣ барои муҳофизат дар назди кинотеатр истодааст.
Ин кинотеатри таърихӣ дар натиҷаи ҷангҳои дохилии солҳои 1992-1996 хароб шуда, баъдан аз сӯи Фаронса бозсозӣ шуд.

Чанд тан аз шахсиятҳои фарҳангӣ ва коргардонҳо дар Афғонистон аз вайрон кардани кинотеатри таърихии “Ориёно” аз сӯи ҳукумати Толибон нигаронӣ карда, ин корро як навъ нобуд кардани мероси фарҳангии Афғонистон гуфтанд. Тибқи гузоришҳо, бинои кинотеатри “Ориёно”, ки дар солҳои 60-уми асри гузашта сохта шудааст вайрон шуда, дар ҷойи он маркази савдо хоҳанд сохт.